Омузишҳо Хабарҳо 24.08.2023 Семинари машваратии “Рӯзи саҳроӣ” оид ба “Муаррифи намудани кори комбайни ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо GOMSELMASH GS5” Санаи 23-августи соли ҷорӣ семинари машваратии “Рӯзи саҳроӣ” оид ба “Муаррифи намудани кори комбайни ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо GOMSELMASH GS5” бо ташаббуси МД “Агротехсервис” дар ҶДММ Латиф Мурод- и ш. Ҳисор бо иштироки намояндагони вилояти Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид. Семинари мазкурро муовини Вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо ифтитоҳ намуда, ҷиҳати вусъат бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи хоҷагиҳо бо технологияҳои муосир роҳнамои намуд. Инчунин намояндаи ширкати “GOMSELMASH GS5”-и Ҷумҳурии Белоруссия ба ҳозирин оид ба кори комбайни мазкур маълумот дода, иброз дошт, ки метавонад дар мавсими ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо махсусан гандум, шолӣ ва ҷуворимакка дар як соат аз 18 то 21 тонна ҳосили зироати галладонаро ҷамъоварӣ намояд. Сипас дар назди иштирокчиён тарзи ҷамъоварии ҳосили ҷуворимакка инҷунин аз суттаи он ҷудо намудани дон намоиш дода шуд. Дар кори семинар мутахассисони МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ширкат варзида, доир ба ҷамъоварии ҷуворимакка бо истифода аз технологияи муосир ба кишоварзону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ тавсияҳои судманд доданд.