image_print

КОРҲОИ ТАЪМИРИЮ БАРҚАРОРСОЗӢ ДАР ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тавонист бо тарҳи наву замонавӣ якқатор биноҳои илмию таълимии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро давра ба давра таъмиру азнавсозӣ намуда, мавриди истифода қарор диҳад.

Муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дохили толори калони маҷлисгоҳи факултети зооинжинерии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемурро бо тарҳи наву муосир бо иваз намудани дару тирезаҳо, сақфу қандилҳо, рангубори хушсифати девораҳо, шифт ва болопӯши бино пурра таъмиру азнавсозӣ намуда, барои насби таҷҳизотҳову нишастгоҳҳо омода карда шудааст.

Ҳамчунин намои берунаи паси биноии асосии ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур ки ба таъмир ниёз дошт пурра рангубор намуда, тирезаҳояшро низ бо тирезаҳои пластикӣ иваз карда шуд. Қисме аз роҳравҳои паҳлӯи бино, ки ба таъмир ниёз дошт бо сангҳои ороишӣ таъмир гардидан, ки барои рафту омад қулай ва зебо гардиданд.

Корҳои сохтмонӣ тибқи меъёрҳои талаботи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланду замонавӣ ба анҷом расида, бино ва толори маҷлисгоҳ мавриди истифода қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмири хушсифати Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” хушҳолу қаноатманд гардида, барои муҳаё намудани шароити хуби корӣ ба кормандон ва таҳсили донишҷӯён изҳори сипос намуданд.

Loading

X