ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ” МУҲТАРАМ ДАЛЕР САТТОРӢ АБДУМАНСУР БАХШИДА БА 31 — СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад. Он санади олии ҳуқуқест, ки дар қатори дигар арзишҳо, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон карда, ҳамзамон омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати ҷамъиятиро муайян менамояд.
Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун неруи тавонои ҳуқуқӣ консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро, ки табиатан ба ӯ хос мебошад, мустаҳкам намуда, ӯҳдадории давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамояд.
Конститутсия, ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Конститутсия ҳамчун шиноснома миллату давлатро дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 31 — солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, қонунест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартари дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ шудааст. Ин муҳлат барои таърих тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт.
Омили асосие, ки барои қабул намудани Конститусияи нав замина гузошт, мустақил ва соҳибихтиёр эълон гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Тоҷикистонро лозим омад, ки барои муқаррар намудани асосҳои сохтори конститутсионии давлат ва гузаштан ба муносибатҳои сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қонуни асосии нав қабул кунад, то тавонад ин муносибатҳоро дар шакли нав ва бо диди нав танзим намояд.
Конститутсияи амалкунанда, дар муқоиса аз дигар конститутсияҳои собиқ аввалин шуда асосҳои сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро пурра дар шакли нав муқаррар кард ва роҳи минбаъдаи инкишоф ва пешрафти ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард. Аз вақти қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар самти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ватани азизамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ омада истодааст.
Бояд гуфт, ки Конститутсия хусусияти миллӣ дорад, зеро он ба иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар он ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтааст.
Вазъи мураккаби сиёсии баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисози сулҳу оромиро хуб дарк намуда, дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти ватани маҳбубамон талош варзем.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар замони соҳибистиқлолӣ баъди қабули Конститутсияи давлатӣ бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, мардуми он дар як фазои озоди сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва дар руҳияи якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба шарофати шуҷоати сиёсиву маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофар ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд. Ҷамъияте, ки одамони он дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ мебошанд, пайваста аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ дифоъ менамоянд ва сатҳи зиндагии онҳо низ баланд мебошад.
Ҳамкорони гиромиқадр бори дигар ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо 31-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон сиҳатмандиву сарбаландӣ, рӯзгори осуда ва барои Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу суботи ҷовидонаро таманно дорам.
![]()
![]()

