Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

МАРҲИЛАИ БАҲОДИҲӢ ВА ТАҲЛИЛИ ТЕХНИКИИ ИҚТИСОДӢ ҶИҲАТИ БУНЁДИ МАРКАЗИ АГРОЛОГИСТИКӢ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРАИ в. ХАТЛОН

Ҳамасола Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷӯҳи беандоза зоир намуда, ҷиҳати амалишавии татбиқи нақшаҳои он пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар ҳамкорӣ бо ширкати Софреко (Фаронса) бо ҷалби мушовирони байналмилалӣ ҷиҳати бунёди маркази агрологистикӣ дар ноҳияи Данғара марҳилаи баҳодиҳӣ ва таҳлили техникии иқтисодиро амалӣ намуда истодаанд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи мазкур панҷ марказҳои агрологистикӣ бо тарҳи муосир, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ дар кишвар (ш.Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ) сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Loading

X