Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ ҶИҲАТИ ШИНОСОӢ АЗ РАФТИ ТАТБИҚИ ЛОИҲА

Санаи 30.10.2025 дар толори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ Холгер Крей, Хазем Иброҳим Ҳамбал ва дигар шахсони расмӣ ҷиҳати шиносоӣ бо рафти татбиқи лоиҳа мулоқоти корӣ баргузор гардид.

Сараввал директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” муҳтарам Далер Саторӣ Абдумансур ҷаласаро оғоз намуда, оид ба рафти татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.

Сипас аз ҷониби кормандони муассиса ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур тавассути рунамо оид ба фаъолият ва дастовардҳои муассиса маълумоти муфассал манзури меҳмонон гардонида шуд.

Намояндагони бонки ҷаҳонӣ раванди татбиқи лоиҳа ва дастовардҳои муассисаро қаноатбахш арзёбӣ намуда, ҷиҳати сари вақт амалӣ намудани корҳои банақшагирифташуда тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Loading

X