Хабарҳо 24.10.2025 ҶАМБАСТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ БОЗСОЗӢ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКИИ АИКТ Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро давра ба давра бо тарҳи муосир таъмиру азнавсозӣ гардида мавриди истифода қарор мегиранд. Маркази миллии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолияташро аз 2006 оғоз намуда, дар захира ва нигоҳдории тухмиҳои нодиру хушсифати маҳаллӣ, дарахтони донакдору тухмакдори маҳаллӣ ва навъу намунаҳои нодир нақши бориз дорад. Бинобар сабаби ба таъмир ниёз доштани ин маркази илмӣ соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” болопӯши бино дар масоҳати 445 метри мурабба, ҳамворкунии деворҳо бо рангубори дохили бино 1558 метри мурабба, фарш 523 метри мурабба ва шифти бино (сақф) 601 метри мурабба бо сифати баланди муосир таъмиру азнавсозӣ карда шуд. Ҳамчунин таҷҳизотҳои хурди барқӣ ва кандилҳо пурра иваз гардида, даромадгоҳи бино низ бо тарҳи замонавӣ азнавсозӣ карда шуд. Муҳандисон ва коргароне ба корҳои таъмирии бино ҷалб гардида буданд дар рафти корҳо барои дар мудатҳои тулонӣ хизмат намудани бинои мазкур нозукиҳои корҳои таъмириро ба инобат гирифта, онро бо сифати баланду муосир ба анҷом расониданд.