Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ» МУҲТАРАМ ДАЛЕР САТОРӢ АБДУМАНСУР БАХШИДА БА ҶАШНИ НИЁГОНАМОН МЕҲРГОН

Ҷашни Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодонамон қарор дошта, он аз замони дуродури таърих манша мегирад. Ин ид дар қатори Садаю Наврӯз ва Тиргон яке аз ҳалқҳоест дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон, ки онро кишоварзон бо ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парваридаи хеш таҷлил менамудаанд.

Новобаста аз гирудорҳои сиёсию фарҳангӣ ва мазҳабӣ Меҳргони аҷдоди тавонист аз гузаштаҳои дуродур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. Зеро Меҳргон ба мононди иди Наврӯз, Сада ва Тиргон таҷассумгари суннатҳои он зинаи инкишофи тамаддуни башарист, ки кулли инсоният онро дар давраҳои гуногун тай намудааст. Аз ин лиҳоз бисёре аз суннатҳои ин идҳоро кулли инсоният бо ҳусни тафоҳум қабул доранд ва онро ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ меҳисобанд.

Оид ба пайдоиш ва густаришу бузургдошти Меҳргон мутафаккирони барҷастаи Шарқу Ғарб ибрози назар намудаанд. Тибқи навиштаҳои онон Меҳргон ин ҷашнест, ки покизагию фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзии мардум, хони пурнозу неъмат, қаноатмандию нишотро бо худ ҳамроҳ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост. Дар осори бузургони илму фарҳанги ниёгонамон Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунию Умари Хайём, Борбарди Марвазию Унсурӣ оид ба Меҳргон навиштаҳои гаронбаҳое мавҷуданд, ки бо камоли эҳтиром ва гарму ҷушон аз расму оин, шукӯҳу шаҳомат ва иззату шӯҳрати он маълумотҳои беназире овардаанд.

Истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳалаи тозае касб намуда, ба он умри дубора бахшидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, ки мероси ғании фарҳангӣ, расму оинҳои ниёгон дар доираи чорабиниҳои давлатӣ қайд гардад.

Дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар хатарҳое, ки ба инсоният таҳдид мекунанд, хавфи норасоии озуқаворӣ шиддат меёбад ва бинобар ин, таъмини амнияти озуқаворӣ барои кишвари мо аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намуда истодааст. Ин омил моро водор месозад, ки дар ин самт чораҳои мушаххас андешем ва онҳоро ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намоем.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон иброз доштаанд: “Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Расму оинҳои нек, ҷашнҳои миллӣ ба монанди Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои ахлоқи маънавиёти созандаи ҷомеа хизматҳои шоён кардааст”.

Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Президенти кишвар ин иди бостонӣ ҳар сол моҳи октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рӯз сару либоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.

Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва бӯйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи зироатчигӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст. Ба таъкиди Роҳбари давлат, ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад.

Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон — таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, ба шумор меравад.
Ҷашни меҳргон муборак ҳамватанони азиз!

Loading

X