Хабарҳо 10.10.2025 РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРӢ ДАР СТАНСИЯИ ДАВЛАТИИ НАВЪСАНҶИИ НОҲИЯИ ВАХШБо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимӣ, озмоишгоҳҳои ниҳодҳои Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар иншоотҳои зарурӣ давра ба давра бо тарҳи муосир таъмиру азнавсозӣ гардида мавриди истифодабарӣ қорор мегиранд.Ҳамаи ин корҳои сохтмониву барқарорсозӣ ва бунёдкориву сабзу хуррамгардонӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати комил буда, Ҳукумати кишвар пайваста паи рушди соҳаҳои гуногуни он тадбирҳои зарурӣ меандешад.Иншооти навбатии мо ин Стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Вахш мебошад. Муассисаи мазкур бинобар сабаби аз замони шуравӣ фаъолияти доштан ба таъмир асосӣ ниёз дошт.Соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳа мазкур болопӯши бино, ҳамворкунии деворҳо, рангубори дохили бино, фарш, шифт (сақф) бо иваз намудани дару тирезаҳо бо сифати баланд таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин даромадгоҳи бино, таҷҳизотҳои хурди барқӣ ва қандилҳо пурра иваз гардида, дар шафати бино як амбор барои нигоҳдории тухмиҳои гуногуни зироатҳо бунёд карда шуд.Айни ҳол корҳои таъмиру аз навсозӣ дар дохили бино пура ба анҷом расида, беруни он низ дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.Дар рафти корҳои таъмирӣ аз ҷониби коргарон нозукии кор ба инобат гирифта шуда, таъмири бино бо тарҳи замонавӣ дар рӯзҳои наздик ба анҷом мерасад.Роҳбарият ва кормандони Стансияи давлатии навъсанҷии ноҳияи Вахш аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” хушҳол гардида, барои таъмири босифати бинои мазкур изҳори сипос намуданд.