ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ” МУҲТАРАМ ДАЛЕР САТОРӢ АБДУМАНСУР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ
Забон ҳастии ҳар як миллат ва рукни муҳими ҳар як давлат ба ҳисоб рафта дар ҳамаи давру замонҳо сарчашмаи истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккул мебошад.
Таърихи башар гувоҳ аст, ки халқҳо, миллатҳо ва давлатҳо танҳо бо доштани забони миллии худ устувору пойдор мемонанд. Яъне забони ҳар миллат шарти муҳимтарини пойдории он дониста мешавад.
Забони тоҷикӣ аз зумраи забонҳои шевову гуворо ва бою пурғановат буда, дар байни забонҳои дигар мақоми шоиста дорад. Забоне, ки тӯли ҳазорсолаҳо шоирону мутафаккирон, олимону хирадмандони гузаштаи мо, аз қабили Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Саъдӣ, Ҳофизу Бедил, Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозор Собиру Лоиқ Шералӣ ва дигар бузургони зиндаёде, ки осори хешро ба қалам овардаву рӯйи девори таърих нақшбандӣ намудаанд.
Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат, пойдор мондани забони модарии он аст. Забони тоҷикии мо дар роҳи пурпечутоби таърих ва даҳшату тохтутозҳои аҷнабиён зинда монда сарчашмаи бақои миллат гардид. Мо соҳибзабонон аз ин ифтихор намуда, барои поку беолоиш нигоҳ доштан ва дар тозагиву равонии он пайваста ҷаҳд хоҳем кард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ рисолати модаронро хотирнишон сохтанд: «Бонувону модарони мо бояд муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзанд».
Боиси сарфарозии ҳар як соҳибзабон аст, ки имрӯз дар кишвари азизи мо забони модарии мо мавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Пешвои муаззами миллат қарор гирифтааст, зеро ғамхорӣ ва пуштибонӣ аз забони модарӣ, пеш аз ҳама пуштибонӣ аз халқу миллати хеш мебошад. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони модарии мо забони тоҷикӣ аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ садо медиҳад, эътибори забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан афзун мегардад.
Ҷашнгирии рӯзи забон яке аз падидаҳои мубораки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад, ки мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол бо шукӯҳи ба худ хос ҷашн гирифта мешавад.
Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ба асолати забони ноби тоҷикӣ мусоидат кард, балки ба рушду такомул, густариш ва боло рафтани мақоми он шароити заруриро фароҳам овард. Махсусан, хидмату саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ беназир аст.
Сардори давлат дар бисёр вохӯрию мулоқотҳояшон оид ба покизагии забон, нигаҳдории фарҳанги воло бо дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулияти бузург сухан мегӯянд ва дастуру супоришҳои муфид медиҳанд.
Ҳар яки моро низ лозим меояд, ки ин муқаддасоти миллиамонро, ки баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ, пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори хӯшёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсозу кӯҳнабунёди Тоҷикистони азиз бошем.
Онро ҳамеша мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, пайваста паи тозаву беолоиш нигоҳ доштани он кӯшиш ба харҷ диҳем. Бояд намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад.
Аз ин рӯ ҳар яки моро лозим аст, ки дар баробари донистани забонҳои гуногуни хориҷӣ забони ширину шевои ноби тоҷикиро фаромуш накарда муошират ва коргузориро бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) ба роҳ монда, дар ҳифзу нигаҳдории он пайваста саҳмгузор бошем. Зеро дар замони гузашта барои устувору пойдор нигоҳ доштани ин забони пурғановат чандин олимону мутафаккирони тоҷик азият кашида ҳатто ҷони худро аз даст додаанд. Чуноне, ки шоир мефармояд:
Аз миллату аз забони худ ёд кунед,
Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.
То ҳарф занад ба тоҷики тифли Шумо,
Дунёи варо тоҷики бунёд кунед.
Дар ин рӯзҳои пурфараҳ аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо кормандони гиромиқадр ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи кишварамонро бо Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатманиву сарбаландӣ, кору пайкори накӯ, саодати рӯзгор ва дар фаъолияти минбадаатон комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
![]()
![]()

