Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

ҶАМЪОВАРИИ ЗИРОАТИ КАРТОШКА ДАР МИНТАҚАҲОИ в. СУҒД

Ҳамасола Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати рушди соҳаи тухмипарварӣ тухмии зироатҳои гуногуни хушсифати дорои сертификати сифат, серҳосил ва ба шароити иқлим мутобиқ бударо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз дохил ва хориҷи кишвар ворид намуда, дастраси хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманди (баҳрагирандагони лоиҳа) ҷумҳурӣ мегардонад.

Кишоварзони кишвар аз ин тухмиҳои хушсифат самаранок истифода намуда, ҳар мавсим аз он ҳосили баланд ба даст меоранд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби муассиса дар доираи лоиҳа 620 тонна тухмии хушсифати картошкаи навъҳои «Эволюшен», «Пикассо» ва «Аризона»-ро ба хоҷагиҳои ниёзманди вилоят (баҳрагирандагон) дастрас намуд. Онҳо тавонистанд бо мусоид омадани боду ҳаво ва риояи саривақтии агротехникаи парвариш нашъунамои зироати картошкаро хуб ва ҳосилнокиашро баланд бардоранд.

Мутахассисони соҳа дар рафти муайян намудани ҳосили биологӣ (апробатсия) маълум намуда буданд, ки ҳосили имсола хеле хуб буда, барои рушди соҳаи тухмипарварӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Айни ҳол ҷамъоварии ҳосили зироати картошка дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич ва Шаҳристони вилояти Суғд оғоз гардида, онҳо кӯшиш менамоянд, ки ҳосили фаровонро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Loading

X