Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

БУНЁДИ ГАРМХОНАҲОИ ДОИМОАМАЛКУНАНДАИ МУОСИР ДАР КИШВАР

Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ барои истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва таъмини аҳолии кишвар бо сабзавотҳои тару тоза дар тамоми сол гармхонаҳои доимоамалкунанда фаъолияти пурсамар доранд. Вале бинобар сабаби зиёд будани талаботи аҳолии кишвар нисбат ба сабзавоти тару тоза дар ҳама фасли сол масъулин кӯшиш менамоянд, ки теъдоди гармхонаҳои доимоамалкунанда муосирро зиёд намоянд.

Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёд намудани майдонҳои гармхонаҳои муосири доимоамалкунанда дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, тибқи нақша давра ба давра онро амалӣ мегардонанд.

Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати амалисозии лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ду гармхонаи доимоамалкунандаи муосир яке дар ноҳияи Шуғнон-и ВМКБ ва дигараш дар н.Данғара-и в. Хатлон бунёд карда мешавад.

Айни ҳол дар ҳар ду мавзеи гармхонаҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома дошта, муҳандисон кӯшиш менамоянд, ки тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ дар муҳлати муайянгардида, бо тарҳи наву замонавӣ сохта мавриди истифода қарор диҳанд.

Масоҳати парвариши сабзавот дар гармхонаҳои муосир 32 садяк замин пешбинӣ шуда, ҳосили он дар чор фасли сол пешниҳоди бозор мегардад.

Loading

X