Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

ҲОЛАТИ НАШЪУНАМОИ ЗИРОАТИ ШОЛӢ ВА ПАРВАРИШИ МОҲӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ВА ШНТҶ

Зироати шолӣ дар радифи зироатҳои асосии кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон соҳаи ояндадор ва сердаромад маҳсуб мегардад. Ин зироат ҳосилнокиаш нисбат ба гандум 1,6 маротиба зиёд буда, аз ҳамин сабаб кишоварзон парвариши онро сол аз сол ба маротиб меафзоянд.

Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар миқёси кишвар парвариши муштараки шолӣ ва моҳӣ ба тарзи таҷрибавӣ ба роҳ монда шуд.

Мутахассисон дар якҷоягӣ бо олимони соҳа минтақаҳои шолипарварии кишварро мавриди омӯзиш қарор дода, барои парвариши муштараки шолӣ ва моҳӣ нуҳ шаҳру ноҳияҳои шоликорӣ ҷумҳурӣ аз ҷумла 20 хоҷагиҳои шолипарварро ҳамчун қитъаҳои санҷишӣ (таҷрибавӣ) интихоб намуда буданд.

Айни ҳол нашъунамои шолӣ дар қитъаҳои таҷрибавӣ хело хуб буда, барои муайян намудани ҳосили биологии он корҳои апробатсионӣ ҷараён дорад.

Мутахассисон иброз менамоянд, ки парвариши моҳӣ дар майдони шолизор ин як усули нав ва бениҳоят хуб буда, барои нашъунамои он моҳӣ таъсири хуб мерасонад.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки парвариши моҳӣ дар якҷоягӣ бо шолӣ самараи хуб дошта, он метавонад барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироати шолӣ (мустаҳакам намудани поя, нест кардани обсабзҳо ва ҳашаротҳои зараррасон ва бо поруи худ таъмин намудани ғизо) мусоидат менамояд.

Мутахассисону олимон кӯшиш менамоянд, ки дар натиҷаи ба дастовардҳои назаррас ноил гардидан ба кишоварзон ҷиҳати зиёд намудани майдони кишти ин зироати нодир ва самарабахшии он тавсияҳои судманди илмӣ пешниҳод менамоянд.

Loading

X