Беҳтар намудани ғизо Омузишҳо Хабарҳо 20.08.2025 Баргузории чорабиниҳои омӯзишӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Амон”, “Агро — сервис консалтинг” ва “Машварати расонавӣ” оид ба масоили марбуд ба ғизо, омӯзишу машварадҳоро ҷиҳати такмили савияи дониши кишоварзон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кормандони сохторҳои Вазорати кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ мондааст.Дар чорабиниҳои омӯзишӣ миёни аҳолӣ масъалаҳо оид ба ғизо ва аҳамияти ғизои солим, муаяйн намудани камғизоӣ, таъсири камғизоӣ ба саломатии инсон, дастрасии аҳолӣ ба ғизои солим, маҳсулотҳои серғизову истеъмоли микроэлементҳо, ғанигардонии маҳсулоти хӯрока, оқибатҳои камғизоӣ ва норасоии микроэлементҳо, пешбурди ғизои пурқувват барои коҳиш додани норасоии микроэлементҳо ва дигар масъалаҳои марбуд ба онро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медиҳанд.Айни ҳол тибқи нақша масъулини соҳа фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намуда, дар миқёси кишвар чорабиниҳоро баргузор менамоянд ва барои амалисозии нақшаҳои нав дар марҳилаи дуюм тадбирҳои зарурӣ меандешанд.