Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАҲОИ ВОҚИФГАРДОНИИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР НОҲИЯИ КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти лоиҳа ва муносибатҳо бо баҳрагирандагон, механизми баррасии арзу пешниҳодҳоро дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ ба роҳ мондааст.

Мутахассисони муассиса тибқи нақша ин навбат дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷаласаи воқифгардонии ҷамъиятиро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор намуданд.

Дар рафти ҷаласа баҳрагирандагони лоиҳа дар ин минтақа иштироки фаъолона дошта, оид ба шаффофияти фаъолияти пурсамари лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” воқиф гардиданд.

Сипас дар рафти чорабинӣ масъалаҳо роҷеъ ба дастрасии кишоварзони шаҳру ноҳияҳои кишвар бо тухмиҳои хушсифату дорои сертификат, кандани чоҳи амудӣ барои шодобгардонии заминҳои бекорхобида, таъмири биноҳои муассисаҳои илмию таълимӣ, дастрасии техника — мошинолотҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа матраҳ гардиданд.

Дар интиҳои ҷорабинӣ баҳрагирандагони лоиҳа миннатдории бепоёни худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати дастгирии ҳамешагии кишоварзон расониданд.

Пас аз анҷоми чорабинӣ ҳайати комиссия азназаргузаронии ҳолати кунунии лавҳаҳои иттилоотӣ, мониторинги қуттиҳои арзу муроҷиатҳо, ки бевосита барои арзу пешниҳодҳои баҳрагирандагони лоиҳа дар кишвар пешбинӣ гардида буд аз назар гузарониданд.

Loading

X