Хабарҳо 06.08.2025 РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ОИД БА БУНЁДИ ГАРМХОНАИ ДОИМОАМАЛКУНАНДАИ МУОСИР ДАР ДЕҲОТИ ПОРШИНЕВИ НОҲИЯИ ШУҒНОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН Лозим ба ёдоварист, ки соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон лоиҳаи гармхонаи доимоамалкунандаи муосир, ки дар шафати қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати бештар аз як гектар замин бо иншооти ёрирасон аз тарафи Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” сохта мешавад, аз ҷониби роҳбари муассиса муаррифӣ гардида буд. Ҳадаф аз роҳандозии ин таҷриба интихобу мутобиқсозии зироатҳои кишоварзӣ ба иқлими маҳал, ҷорӣ кардани таҷрибаи муосир, истифодаи оқилонаи замин ва таъмини ҳарчи бештари мардум бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ дар тамоми сол, умуман андешидани чораҳо ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Масоҳати парвариши сабзавот дар гармхонаи муосир 32 садяк замин пешбинӣ шуда, ҳосили он дар чор фасли сол пешниҳоди бозорҳои вилоят мегардад. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисону муҳандисони муассиса дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” корҳои тахту ҳамворкунӣ, панҷарабандии гирду атрофи иншоот, мустаҳкам намудани пояҳои гармхонаро ба анҷом расонида, дигар корҳои сохтмониро бо маром идома дода истодаанд Мутахссисон кӯшиш менамоянд, ки иншооти ба нақшагирифтаро сари вақт дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ва тарҳи замонавӣ сохта мавриди истифода қарор диҳанд.