Хабарҳо 31.07.2025 ОБЁРИИ ЗАМИНҲОИ АИКТ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БАЛАНД БАРДОШТАНИ УСТУВОРИИ КИШОВАРЗӢ” Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъмини амнияти озуқаворӣ аҳолии кишвар ба ҳисоб рафта, барои ба гардиши кишварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳ гардонидани ҳолати мелиоративии хок ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо олимони соҳа пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Соли ҷорӣ Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои шодоб гардонидани қитъаҳои намоишӣ ва таҷрибавии заминҳои Маркази миллии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кандани чоҳи амудӣ ба нақша гирифта шуда буд. Хушбахтона муҳандисону мутахассисони муассиса тавонистанд сари вақт бо тарҳи муосир чоҳи амудиро бо васлу насби трансформаторҳо бо ноқилу таҷҳизотҳо дар ҷуқурии 100 метр ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор диҳанд. Ҳайати комиссия дар рафти ба истифода додани ҷоҳи амудӣ ба кори мутахассисони соҳа баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самараноки он ба кормандони Маркази миллии захираҳои генетикии АИКТ тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.