Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

ДАСТРАСИИ ХОҶАГИҲО БО ТЕХНИКА — МОШИНОЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲА

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои ниёзманди кишвар соли ҷорӣ 150 адад тракторҳои хурдҳаҷм, бо ядакҳояшон дар миқёси ҷумҳурӣ дастраси хоҷагиҳои ниёзманд гардонида буд.

Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ як қатор мошинолотҳои кишоварзӣ, аз қабили испори дупозадор, испори панҷпозадор, кулухмайдакунак, картошкашинонак, картошкаканак, дорупошаки штангӣ, дорупошаки бодӣ, нурипошак, гандумкубак, дости тракторӣ, чизел, сихмола, дискмола, тухмипошаки ғалла тухмипошаки сабзавод, култиватор ва нимядак барои обкашӣ харидорӣ гардида, дастраси хоҷагиҳои ниёзманд гардонида мешавад.

Айни ҳол тақсимоти техника — мошинолоти кишоварзӣ дар ҳудуди кишвар оғоз гардида, дар мади аввал ба хоҷагиҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 90 адад ва ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе зиёда аз 20 адад техника — мошинолоти кишоварзӣ дастрас карда шуд.

Дар маросими супоридани техника — мошинолотҳои кишоварзӣ ҳайати комиссия, ки аз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шудааст иштирок намуда, давра ба давра тибқи нақша дар рузҳои наздик таҷҳизотҳоро дастраси хоҷагиҳои ниёзманд мегардонанд.

Имрӯзҳо кишоварзон (Баҳрагирандагони лоиҳа) аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузор буда, тасмим гирифтаанд, ки барои афзун гардонидани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ камари ҳиммат баста, ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар низ саҳмгузор мебошанд.

Loading

X