Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАЛАБОТҲОИ ЭКОЛОГИВУ — ИҶТИМОИИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ”

Санаи 26 июни соли ҷорӣ дар толори муассиса оид ба талаботҳои экологиву-иҷтимоии Бонки умумиҷаҳонӣ семинари омӯзишӣ баргузор карда шуд.

Семинари мазкур аз ҷониби мушовири байналмиллалӣ оид ба масоили экологӣ ва иҷтимоӣ Герман Куст доир гардида, дар он якқатор масалаҳо роҷеъ ба стандартҳои Бонки умумиҷаҳонӣ дар самти бехатарии экологиву иҷтимоӣ усулҳои пешгирии хатарҳо, нишондиҳандаҳои самаранокии усулҳои пешгирии хатарҳо дар ҷорабиниҳои мушахасси лоиҳа, ташкил, назорат ва мониторинги бехатарии экологиву иҷтимоии Бонки умумиҷаҳонӣ дар марҳилаҳои гуногуни татбиқи Лоиҳа, талаботҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ҷиҳати ҳисоботҳои бехатарии экологиву иҷтимоии Лоиҳа усулҳои пешгирии хатарҳо, механизми баррасии арзу пешниҳодҳо, усулҳои мубодилаи иттилоъ бо баҳрагирандагон, таъмини устувории натиҷаҳои экологиву иҷтимоии ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа баррасӣ карда шуд.

Дар кори семинар кулли кормандони муассиса фаъолона иштирок намуда, мутахассисони минтақавии вилоятҳои Суғду Хатлон низ тавассути маҷозӣ (онлайн) ба он ҷалб карда шуд.

Loading

X