Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ДЕҲОТИ ПОРШИНЕВИ НОҲИЯИ ШУҒНОНИ ВИЛОЯТИ БАДАХШОН

27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пашори деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ, техникамошинолотҳои кишоварзӣ дидан намуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати 4 гектар замини бекорхобида бунёд гардида, дар майдони 1,5 гектар ниҳоли дарахтони зардолу, шафтолу, олу, олуболу, нок, гелос, себҳои қадпасту миёнақад ва дар масоҳати як гектари дигар ниҳоли чормағзи ҳамелӣ шинонида шудааст.

Ҳамзамон дар ҳамин ҷо ба Роҳбари давлат лоиҳаи гармхонаи доимамалкунандаи муосир, ки дар шафати қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати бештар аз як гектар замин бо иншооти ёрирасон аз тарафи Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” сохта мешавад, аз ҷониби роҳбари муассиса муаррифӣ гардид.

Мақсад аз роҳандозии ин таҷриба интихобу мутобиқсозии зироатҳои кишоварзӣ ба иқлими маҳал, ҷорӣ кардани таҷрибаи муосир, истифодаи оқилонаи замин ва таъмини ҳарчи бештари мардум бо маводи ғизоии истеҳсоли худӣ, умуман андешидани чораҳо ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад.

Таъкид шуд, ки масоҳати парвариши сабзавот дар гармхонаи муосир 32 садяк замин пешбинӣ шуда, ҳосили он дар чор фасли сол пешниҳоди бозор мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаро саривақтӣ арзёбӣ карда, ба ташаббускорони он барору комёбӣ хостанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз боздид аз қитъаи намоишии зироатҳои кишоварзӣ, лоиҳаи гармхонаи доимамалкунандаи муосир, ва ҳавзи моҳипарварӣ таваҷҷуҳи хоҷагидоронро ба масъалаи истифодаи оқилонаи заминҳои корам, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, истифодаи тухмиҳои баландҳосил, зиёд намудани масоҳати боғҳо, васеъ истифода бурдани зарфиятҳои табиӣ ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ равона намуданд.

Loading

X