Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ”

МИЛЛАТИ ШАРАФМАНДИ БОНАНГУ НОМУС ВА САРБАЛАНДИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ БО ТАМОМИ ҲАСТИИ БЕПОЁН ДАРК МЕНАМОЯНД, КИ ВАҲДАТ, СУЛҲУ СУБОТ ТИНҶИВУ ОРОМИИ КИШВАР МУҚАДДАСТАРИНУ АЗИЗТАРИН НЕЪМАТ, РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТИ ОЗОД, КАФОЛАТИ ҲАЁТИ ШОИСТАИ ҲАМАРӮЗАИ ИНСОНИЯТ МЕБОШАД.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Санаи 26 июни соли ҷорӣ ба ифтихори таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки кормандон дар муассиса ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Сараввал ҷаласаро муовини директор Қурбонзода Боймурод оғоз намуда, табрикоти роҳбари муассисаро пешкаши ҳозирин гардонид. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ волотарин сайри такомули иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангию маънавии ҳар як халқу миллат ба ҳисоб рафта, дар заминаи арзишҳо ва унсурҳои муштараки фарҳангӣ ва ормонҳои ягонаи миллӣ-давлатӣ ба вуҷуд меояд.

Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имрӯз барои мо, ки Истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистони азизро ҳадафи хеш қарор додаем, намунаи ибрату боиси ифтихор аст. Ин неъмати арзишманд маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, он мавриди таваҷҷӯҳи оламиён қарор гирифтааст.

Ин санади муқаддасу тақдирсоз чун чароғи фурӯзони роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар карда, ҳар фарди ин ватани биҳиштосоро вазифадор менамояд, ки ин неъмати бузургро ҳамеша мисли гавҳараки ҷашм дӯст ва ҳифз намоянд.

Миллати шарафманди бонангу номус ва сарбаланди Тоҷикистони азиз бо тамоми ҳастии бепоён дарк менамоянд, ки ваҳдат, сулҳу субот тинҷиву оромии кишвар муқаддастарину азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, кафолати ҳаёти шоистаи ҳамарӯза инсоният мебошад.

Бигзор осмони Тоҷикистони азиз таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон софу беғубор, дар сарзамини куҳанбунёдамон сулҳу ваҳдат, субботу оромӣ, якдигарфаҳмӣ, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ то абад поянда бошад.

Сипас Ҳайдарзода Муртазо корманди муассиса оид ба заматҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва рушду пешрафти ватани азизамон суханронӣ намуд.

Дар фароварди чорабинӣ филми мустанаде, ки таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ ва худшиносиву худогоҳии миллат буд пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Инчунин дар интиҳо таъкид гардид, ки имрӯзҳо ҳар як мо пеш аз ҳама шукронаи Истиқлолият, шукронаи ободӣ ва шукронаи Ваҳдати миллиро намуда, бо як нияти нек барои боз ҳам рушди ин диёри биҳиштосо камари ҳиммат бубандем ва онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Loading

X