Хабарҳо 20.06.2025 ОҒОЗИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ Ш.ШОҲТЕМУР Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур аз замони шӯравӣ то ин ҷониб барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи кишварзӣ дар кишвар фаъолияти пурсамар дорад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, таъмири асосии толори васеъи маҷлисгоҳ ва саҳни даромадгоҳи дохилии бинои факултаи Зооинжинерии донишгоҳ оғоз гардид. Пудратчӣ ҶДММ “Сохтмони васл” тибқи иҷроиши харҷнома нозукиҳои корҳои таъмиру азнавсозиро ба инобат гирифта, дару тирезаҳо, шифти бино, ноқилҳои барқу қандилҳоро бо сифати баланд ва технологияи муосир иваз намуда, деворҳоро пурра таъмир ва рангу бор менамоянд. Муҳандисон ва мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии муассиса ба коргароне, ки ба кори таъмирӣ ҷалб гардидаанд дар марҳилаи оғозёбии корҳо ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботу меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, механизми баррасии арзу дархостҳо ва иҷроиши дигар Қонунҳои амалкунанда маълумотҳои муфассалро пешниҳод намуданд.