Мониторинги соҳаи кишоварзӣ Хабарҳо 17.06.2025 МОНИТОРИНГИ РАФТИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒДҲамасола мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” монитаринги рафти корҳои саҳроиро дар миқёси ҷумҳурӣ газаронида нашъунамои ҳамагуна зироатҳои дар саҳробударо аз назар мегузаронанд.Мутахассисони муассисаи ҳафтаи ҷорӣ аз рафти корҳои мавсимии кишоварзони вилояти Суғд (баҳрагирандагони лоиҳа) дидан намуданд. Корҳои саҳроӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо маром идома дошта, кишоварзон дастаҷамъона ҳама ба коркарди байни қаторҳои пахта, ҷуворимакка, дигар сабзавоту полизиҳо, нарм намудану аз алафҳои бегона тоза намудани зироатҳои гуногуни кишоварзӣ ва обдиҳиву ғизодиҳӣ машғуланд.Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ низ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳа зиёда аз ҳашт номгӯи тухмиҳои хушсифату дорои сертификати ба шароити иқлим мутобиқ аз қабили гандум, картошка, пахта, пиёз, нахут, ҷуворимакка, зағер ва лаблабуро ба якқатор хоҷагиҳои ниёзманд дастрас гардида буд.Кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) тавонистанд кишти ин гуна зироатҳоро сари вақт ба роҳ монда, бо риояи дурусти корҳои агротехникӣ нашъунамои онҳоро хуб намоянд.Мутахассисони муассиса дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз ноҳияҳои Спитамен, Ҷ.Расулов, Б.Ғуфуров ва шаҳри Истаравшан дидан намуданд, ки нашъунамои ҳамагуна зироатҳо дар саҳро хуб буда, коркарди байни қаторҳо, ғизодиҳӣ, обмонӣ, чорабиниҳои муҳофизатӣ (мубориза бар зидди ҳашаротҳо) ва ҷамъоварии бархе зироатҳо бо маром идома дорад.Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони муассиса барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани зироатҳои пухтарасида ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ тафсияҳои судманд пешниҳод карда шуд.