Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

ОБЁРИИ ЗАМИНҲО ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БАЛАНД БАРДОШТАНИ УСТУВОРИИ КИШОВАРЗӢ”

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни кишвар пайваста таваҷҷӯҳи беандоза зоир намуда, ҷиҳати амалӣ гардидани нақшаҳои нав дар самти обёрии заминҳои бекорхобида тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” кандани чоҳи амудӣ барои шодоб гардонии заминҳои филиали КВД «Навъҳои тухмӣ ва сабзавоти Тоҷикистон» дар в. Суғд оғоз гардид.

Мутахассисони муассиса санаи 30.05.2025 дар филиали КВД «Навъҳои тухмӣ ва сабзавоти Тоҷикистон» бо иштироки коргароне, ки ба корҳои пармакунии чоҳи амудӣ ҷалб гардидаанд ҷаласаи ҷамъиятӣ оид ба ҳангоми банақшагирӣ ва иҷроиши корҳои пармакунии чоҳи амудӣ, барои обёрӣ намудани заминҳои корхона баргузор намуданд.

Loading

X