Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПИЁЗ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳамасола якқатор тухмиҳои хушсифати дорои сертификат аз дохил ва хориҷи кишвар барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи тухмипарварӣ ва таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар ба хоҷагиҳои деҳқонии ниёзманд ва тухмипарвари ҷумҳурӣ дастрас мегардад.

Соли ҷорӣ аз ҷониби муассиса дар дораи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тухмии хушсифати пиёзи навъҳои Хазар, Сейҳан ва Албенӣ аз Ҷумҳурии Туркия ворид гардида, тибқи нақшаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1209 хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ дастрас карда шуд.

Тухмиҳои воридгардида дорои сертификат ва ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, серҳосил мебошанд.

Кишоварзон мамлакат (баҳрагирандагони лоиҳа) аз мусоид омадани боду ҳавои фасли тирамоҳи соли сипаригардида самаранок истифода намуда, дар муҳлатҳои муайянгардида кишти пиёзро сари вақт ба роҳ монда буданд.

Қобили зикр аст, муассиса дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 4 ҳазору 416 кг тухмии хушсифати пиёзи навъҳои Хазар ва Сейҳанро ба 736 хоҷагиҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои вилоят дастрас намуда буд.

Кишоварзони вилоят (баҳрагирандагони лоиҳа) пас аз риояи агротехникаи парвариш ҳосилнокии пиёзро ба маротиб афзуда, ҷамъоварии ҳосили онро оғоз намудаанд.

Айни ҳол чамъоварии ҳосили пиёз дар ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Н.Хусрав, Шаҳритус Қубодиён ва Дустӣ бо маром идома дошта, кишоварзон барои таъмини бозорҳои дохили кишвар ва ба содирот нигаронидани он тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Кишоварзон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ қаноатманд буда, изҳори сипос намуданд.

Loading

X