Хабарҳо 08.05.2025 ҶАМБАСТИ ТАШРИФИ ҲАЙАТИ МИССИЯИ БОНКИ ҶАҲОНӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД Дар рӯзи сеюми сафари корӣ ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз хоҷагии тухмипарварии Ғаффор Алиматов дидан намуданд. Хоҷагии тухмипарвар дар тавозуни худ 85 га замини корам дошта, ба парвариши зироатҳои гуногуни кишоварзӣ машғул аст. Хоҷагии мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор тухмиҳои хушсифати дорои сертификати гурӯҳи элитаро дастрас намуда, дар соҳаи тухмипарварӣ фаъолияти пурсамар дорад. Ҳайати Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз фаъолияти самараноки хоҷагии тухмипарварии Ғаффор Алиматов дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд. Сипас ҳайати гурӯҳ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бо раиси шаҳр Атҳам Маъмурзода мулоқоти корӣ доир карда шуд. Зимни мулоқот ҳар ду ҷониб дар доираи корҳои таъмиру азнавсозии иншоотҳои кишоварзӣ, дастрасии баҳрагирандагони лоиҳа бо тухмиҳои хушсифату дорои сертификат, мустаҳкам намудани баззаи модиву техникии хоҷагиҳои ниёзманду тухмипарвар, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва кандани чоҳҳои амудӣ барои обёрии заминҳои кишоварзӣ ибрози андеша намуданд. Ҳамчунин дар толори мақомот бо роҳбарони хоҷагиҳои ниёзманди шаҳри Истаравшан вохӯрӣ баргузор карда шуд. Дар вохӯрӣ роҳбарони хоҷагиҳо оид ба рафти корҳои саҳроӣ ва дастовардҳо баромадҳо намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, беҳгардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, сари вақт ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, бастубанд ва ба содирот нигаронидани маҳсулотҳои кишоварзӣ пешниҳодҳои зиёд намуданд. Дар фарҷом баҳрагирандагони лоиҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагӣ ба кишоварзон изҳори сипос намуданд.