Хабарҳо 30.04.2025 ОБЁРИИ ЗАМИНҲО ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БАЛАНД БАРДОШТАНИ УСТУВОРИИ КИШОВАРЗӢ”Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” заминҳои ниҳодҳои Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон давра ба давра обёрӣ гардида истодаанд.Шурӯъ аз моҳи апрели соли чорӣ корҳои пармакунӣ дар чоҳи амудӣ барои обёрии заминҳои Стансияи Муассисаи давлатии “Комиссияи навъсанчии зироатҳои кишоварзӣ ва мухофизати навъҳо» дар ш.Истаравшан-и вилояти Суғд оғоз гардида, ба мувафаккият амалӣ гардида истодааст.Санаи 28 апрел аз тарафи мутахассисони муассиса дар в. Суғд дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо иштироки коргарони ширкате, ки ба корҳои пармакунии чоҳи амудӣ ҷалб гардидаанд ҷаласаи ҷамъиятӣ оид ба иҷроиши корҳои пармакунии чоҳи амудӣ, барои обёрӣ намудани заминҳои муассисаи мазкур баргузор карда шуд.Муҳандисон ва мутахассисони муассисаи мазкур аз оғози корҳои пармакунии чоҳи амудӣ дидан намуда, бо дарназардошти иҷроиши нозукиҳои кор ва сари вақт бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои ба нақшагирифташуда тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.