Блоки ичтимоӣ-экологӣ Хабарҳо 24.04.2025 Баргузории ҷаласаҳои воқифгардонии ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд Санаи 23.04.2025 мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷаласаҳои воқифгардонии ҷамъиятиро тибқи нақша дар ноҳияҳои Истаравшан ва Конибодоми в.Суғд баргузор намуданд. Дар рафти ҷаласа баҳрагирандагони лоиҳа иштироки фаъолона дошта, оид ба шафофияти фаъолияти пурсамари лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз наздик шинос шуданд. Дар ин ҷорабинӣ аз ҷониби масъулини соҳа қайд карда шуд, ки имрӯзҳо бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои гуногуни кишвар махсусан соҳаи кишоварзӣ рӯз аз рӯз рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Имрӯзҳо ҳар яки мо сокинони кишвар пеш аз ҳама шукронаи Истиқлолият, шукронаи ободӣ ва шукронаи Ваҳдати миллиро намуда, барои боз ҳам рушду нумӯи кишвари азизамон камари ҳиммат бубандем. Сипас дар рафти чорабинӣ масъалаҳои гуногуни мубрами соҳаи кишоварзӣ матраҳ гардида, ҷиҳати дастгириҳои кишоварзон дар оянда тадбирщои андешида шуд. Дар интиҳои ҷорабинӣ баҳрагирандагони лоиҳа миннатдории бепоёни худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ба Пешвои муаззами миллат ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” расонида, ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори сипос намуданд. Пас аз анҷоми чорабинӣ ҳайати комиссия азназаргузаронии ҳолати кунунии лавҳаҳои иттилоотӣ, мониторинги қуттиҳои арзу муроҷиатҳо, ки бевосита барои арзу пешниҳодҳои баҳрагирандагони лоиҳа дар кишвар пешбинӣ гардида буд аз назар гузарониданд.