Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

ИДОМАИ ВОХӮРИҲО БО БАҲРАГИРАНДАГОНИ ЛОИҲА ОИД БА МЕХАНИЗМИ БАРРАСИИ АРЗУ МУРОҶИАТҲО ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Шурӯъ аз моҳи марти соли ҷорӣ, мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо кормандони Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти лоиҳа ва муносибатҳо бо баҳрагирандагон, ҷаласаҳои ҷамъиятӣ оид ба механизми баррасии арзу пешниҳодҳоро дар сатҳи маҳал, ба роҳ монда, баргузории онро тибқи нақша дар миқёси ҷумҳурӣ давра ба давра амалӣ гардонида истоданд.

Рӯзҳои 9 ва 10-уми апрели соли ҷорӣ мутахассисони масоили иҷтимоиву экологии лоиҳа дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоти мазкур ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷаласаҳои ҷамъиятиро дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Н. Хусрав ва Варзоб баргузор намуданд.

Дар рафти баргузории ҷаласаҳо аз ҷониби мутахассисони масоили иҷтимоиву экологии муассиса ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” масъалаҳо оид ба шафофияти фаъолияти лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тартиби баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар доираи лоиҳаи мазкур, тавассути рунамо матраҳ карда шуд.

Loading

X