Омузишҳо Хабарҳо 10.04.2025 БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИИ «ТАБИБОНИ ХОК»Бо дастгирии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” санаи 08 апрели соли ҷорӣ дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ семинари омӯзишии “Табибони хок” бо иштироки мутахассисони соҳаи хокшиносӣ баргузор карда шуд.Дар кори семинар якқатор олимону мутахассисони соҳаи хокшиносӣ мушкилотҳои мубрами соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мазкур тавассути рунамо баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.Ҳамчунин аз ҷониби олимони соҳа ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилноки хок ва самаранок истифодаи он ба иштирокчиён тавсияҳои судманди илмӣ пешниҳод намуданд.Ҳадаф аз баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ ин сари вақт омода намудани мутахассисони соҳа дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта, истифодаи технологияи муоссир дар рафти фаъолияти имрӯзаи соҳа, боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мебошад.Дар оянда ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи хок аз ҷониби лоиҳаи мазкур ин иқдом давра ба давра амалӣ гардида, барои рушди соҳаи хокшиносӣ мусоидат менамояд.