Хабарҳо 07.03.2025 «Арч гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзанди ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо мекунем, ки ба қадри шири поки Модарон, меҳрубониву ғамхории самимонаи занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем». Эмомалӣ Раҳмон Тантанаи ҷашнгирии “Рӯзи Модар” дар Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Санаи 07.03.2025 дар Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба ифтихори “Рўзи Модар” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Сараввал роҳбарияти муассиса ҷаласаро оғоз намуда, баҳри иштирокдорон чунин суханонро иброз доштанд: бо самимият ва эҳтироми беандоза ҳамаи Шумо кормандон махсусан бонувони азизро ба муносибати фарорасии Рӯзи Модар, ки таҷассумгари иди баҳору зебоӣ ва сарсабзию хуррамӣ аст табрику таҳният менамоям. Занону модарон ҳамеша чароғи пурфурӯғи хонавода, манбаи адонашавандаи меҳр, мазҳари ишқу зебоӣ, намоишгари покӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ва чашмаи иноят ҳастанд. Ҷавҳари рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан — Модар ташкил медиҳад. Дар оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврўз тавъам омадани Рӯзи Модар дар Тоҷикистони биҳиштосои мо рамзи басо нек аст. Бигзор ҷашни фархундаи Модар, ки ҳамрадифи баҳори сабзу хурам аст, бароятон қувваю нерўи тоза бахшида, дар хонадонатон нуру сафо, файзу сахо Ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва баракати рӯзгорро насиб гардонад. Сипас кормандони муассиса Сафаров Шералӣ, Уроқов Ёқубҷон ва дигарон оид ба “Қадру қиммат ва мақоми манзалати зан Модар дар ҷомеа” баромадҳои пурмуҳтаво намуданд. Пас аз баромадҳо филми мустанаде, ки таҷассумгари бузургии зан модар буд пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар интиҳои чорабинӣ роҳбарият бори дигар бонувон ва дар симои онҳо кулли модарони кишварро табрик намуда, онҳоро бо тӯҳфаҳо сарфароз гардониданд.