Хабарҳо 26.02.2025 Корҳои таъмирию бозсозӣ дар Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» фаъолияти самараноки стансияҳои давлатии навъсанҷии шаҳру ноҳияҳоро оид ба санҷиши расмии навъҳои ватанию хориҷӣ, дар асоси талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ», «Дар бораи тухмипарварӣ» ба роҳ мондааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» ки ба таъмири асосӣ ниёз дошт аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифадабарӣ қарор гирифт. Муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳа намои пурраи беруна ва дохилаи биноро дар масоҳати 2711 метри мурабаъ бо сифати баланди муоссир таъмиру азнавсозӣ намуд, ки барои кормандони он шароити хуби корӣ муҳаё гардид. Дар рафти таъмир даромадгоҳ ва 48 ҳуҷраҳои хурду бузург аз қабили озмоишгоҳои тухмӣ, ҳоҷатхонаҳо, маҷлисгоҳ, утоқҳои кории кормандон, ки солиёни зиёд хизмат намуда кӯҳнаву фарсуда гардида буданд, дар масоҳати 1403 метри мурабба бо сифати хуб пурра таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Ҳамчунин дар масоҳати 580 метри мурабаъ сақф пурра бо тарҳи муосир таъмир гардида, 207 метри мурабаъ шишаҳои шикаста ва қандилҳо пурра аз нав иваз карда шуданд. Корҳои сохтмонӣ тибқи меъёрҳои талаботи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланду замонавӣ ба анҷом расида, бино мавриди истифода қарор дорад. Роҳбарияти Муассисаи давлатии «Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо» аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолу қаноатманд гардида, изҳори сипос намуданд.