Print Friendly, PDF & Email

Дасрасии тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ба хоҷагиҳои ниёзманди кишвар дар марҳилаи анҷомёбист

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо ҳайати комиссия дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ тақсимоти тухмиҳои хушсифати зағер, нахуд, ҷӯворимакка ва лаблабуро оғоз намуда, дар муҳлати муайянгардида дастраси хоҷагиҳои ниёзманди кишвар гардонида истодаанд.

Кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) пас аз дастрасии тухмии зироатҳо корҳои мавсимиро дар саҳро вуъсат дода, заҳкашу заҳбур ва каналу ҷуйборҳо тоза, майдонҳои пиёзу ғаллазорро бо ғизо таъмин ва аз алафҳои бегона тоза карда, кишти зағер ва картошкаро бо маром идома дода истодаанд.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида, кишоварзони ниёзманди кишварро давра ба давра бо техникаю мошинолотҳои муоссир ва тухмиҳои хушсифати дорои сертификат таъмин менамояд, то онҳо тавонанд баззаи модиву техникии хоҷагиро мустаҳкам намуда, ҳосилнокии зироатҳоро бо маротиб баланд бардоранд.

Loading

X