Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Кишти картошка дар вилояти Хатлон бо маром идома дорад

Кишоварзони вилояти Хатлон (баҳрагирандагони лоиҳа) аз ҳавои мусоиди фасли зимистон самаранок истифода намуда, кишти картошкаро дастаҷамъона оғоз намудаанд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” 1400 тонна тухмии хушсифати картошка дастраси хоҷагиҳои ниёзманди кишвар гардида буд.

Тухмии картошкаи дастрасгардида навъҳои “Пикассо”, “Кроне”, “Бигроза”, “Аризона” ва “Эвалюшен” хушсифату серҳосил, дорои сертификат ва ба шароити иқлими кишвар мутобиқ буда, репродуксияи якум мебошад. Кишоварзон мамлакат соли сипаригардида аз ин навъҳо васеъ истифода намуда, ҳосили баланду дилхоҳ ба даст оварданд.

Айни ҳол кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон махсусан Бохтар, Қубодиён, Дӯстӣ, Балхӣ, Ҷайҳун, Шаҳритус, Вахш ва дигар ноҳияҳо бо маром идома дошта, баҳрагирандагони лоиҳа кӯшиш менамоянд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, кишти тухмии картошкаро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд.

Имсол кишоварзон таваҷҷӯҳи асосиро барои баланд бардоштани маҳсулнокии замин ва афзун намудани ҳосили ин зироати муҳим равона карда, кӯшиш менамоянд, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат майдонҳои картошказорро зиёд намуда, ҳосили фаровон ба даст биёранд.

Loading

X