Омузишҳо Хабарҳо 31.01.2025 Семинари омӯзишӣ оид ба ғизои солим дар вилояти Хатлон Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Авесто” семинарҳои омӯзиширо дар миқёси ҷумҳурӣ аз моҳи декабри соли 2024 оғоз намуда, тибқи нақша давра ба давра дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалӣ гардида истодааст. Санаи 30 юми январи соли ҷорӣ дар толори васеи “Парвози Парасту” дар шаҳри Бохтари в.Хатлон бо иштироки мутахассисони тибби оилавӣ, ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва мутахассисони солимии репродуктивӣ аз ноҳияҳои Хуросон, Кушониён, А.Ҷомӣ, Вахш, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Шаҳритуз Носири Хисрав, Қубодиён, Дустӣ ва шаҳрҳо Бохтар Леваканту Норак баргузор гардид. Дар семинари омӯзишӣ олимону мутахассисони шабакаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) тавассути презентатсия (рӯнамо) масъалаҳо оид ба риояи стандартҳои экологию ичтимоии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, истеъмоли микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ аз ҷониби гурӯҳи мақсадноки аҳолӣ аз он ҷумла занони ҳомиладор, кӯдакони синни аз 6 то 59 моҳа ва малакаҳои идоракунии онҳо, маълумоти умумӣ роҷеъ ба нишондиҳандаҳои асосии ғизои занҳои ҳомиладор ва кӯдакони навзод, арзёбии рушди ҷисмонии занҳои ҳомила, муносибатҳои нав ба арзёбии афзоиш ва инкишофи дохилибатнии ҷанин дар муассисаҳои КАТС, маълумот доир ба 5 калиди бехатарииғизо, вазъи солимии занҳои ҳомила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои стратегӣ, ки дар сатҳи ҷумҳурӣ барои ҳифзи солимии зани ҳомиладор қабул шуда, аҳамияти истифодаи Сулфати оҳан ва туршии фолат дар давраи ҳомиладорӣ, камхунӣ ва таҷрибаи истифодаи иловаҳои витаминӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ва натиҷаҳои он мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтааст. Мақсад аз гузарондани дарсҳои омузишӣ ин баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии табибони шабакаи КАТС ҷиҳати дуруст фаҳмонидан ва гузаронидани чорабиниҳои иттилоотонӣ дар байни гурӯҳҳои мақсаднок, истифодабарандагони иловаҳои витаминӣ ва микронутриентҳо, барои занони ҳомиладор ва ширдеҳ, мебошад. Дар фарҷоми ҷорабинӣ аз ҷониби шахсони масъул ҷиҳати иштироки фаъолона ва саҳми арзанда дар нигоҳдории солимии ҷомеа ба иштирокчиён сертификат тақдим карда шуд.