Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Мониторинги қуттиҳои арзу муроҷиатҳо дар миқёси кишвар

Мутобиқ ба талаботҳои механизми арзу пешниҳодҳо мутахассисони масоили ичтимоиву экологии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” ва ҳайати комиссия дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” шурӯъ аз аввали моҳи январи соли ҷорӣ аз назар гузаронии ҳолати кунунии лавҳаҳои иттилоотӣ, мониторинги қуттиҳои арзу муроҷиатҳо ва пурра иваз намудани маълумотҳои лавҳаҳои иттилоотӣ, ки бевосита барои арзу пешниҳодҳои баҳрагирандагони лоиҳа пешбинӣ гардидааст, ба роҳ монда шудааст.

Дар ин мудат ин иқдом дар шаҳру ноҳияҳои пилотии вилояти Хатлон ва 10 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд пурра амалӣ гардида, айни ҳол дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд бо маром идома дорад ва дар рӯзҳои наздик ба анҷом расонида мешавад.

Мутахассисони масоили ичтимоиву экологии муассиса ва Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” тасмим гирифтаанд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо гузаронидани маъракаҳои воқифгардонӣ оид ба механизми арзу пешниҳодҳо дар татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” миёни баҳрагирандагон ва тарафҳои ҷалбгардидаи лоиҳа дар рӯзҳои наздик оғоз намояд.

Loading

X