Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии ниёзманд дар шаҳри Душанбе

Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо озуқа, саноатро бо ашёи хом ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардумро таъмин менамояд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ соли ҷорӣ 150 адад тракторҳои хурдҳаҷм, бо ядакҳояшон ва 250 адад мотоблок бо ядакҳо, кулӯхмайдакунак (фрейзер), картошкашинонаку картошкаканак ва таҷҳизоти шудгоркунанда дар миқёси ҷумҳурӣ дасраси хоҷагиҳои ниёзманд гардида истодааст.

Айни ҳол дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ин иқдом дар хоҷагиҳои ниёзманди шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодааст.

Дар маросими супоридани мошинолотҳои кишоварзӣ Сардори Раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Эмомзода Иззатулло, корманди Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва мудирони бахши кишоварзии ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ аз ҷониби масъулин оид ба дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳа ва таъминоти моддиву техникии хоҷагиҳо ҳарф зада, оид ба истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, бо истифода аз технологияи муосир рӯёнидани се чор ҳосил ва таъмини дигар хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат маслиҳатҳои муфид доданд.

Имрӯзҳо кишоварзон (Баҳрагирандагони лоиҳа) аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд гардида, тасмим гирифтаанд, ки барои афзун гардонидани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ камари ҳиммат баста, барои таъмини амният озуқавории аҳолии кишвар низ саҳмгузор мебошанд.

Айни ҳол тақсимоти дар миқёси ҷумҳурӣ бо маром идома дошта, мутахассисон кӯшиш менамоянд, ки техника ва мошинолоти кишоварзиро ҳарчи зудтар дастраси хоҷагиҳои ниёзманд гардонанд то онҳо тавонанд корҳои саҳроиро бо техникаҳои нав оғоз намоянд.

Loading

X