Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Оғози корҳои пармакунии чоҳи амудӣ дар Муассисаи давлатии “Навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” дар в.Суғд

Яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни кишвар ба ҳисоб рафта, барои амалишавии татбиқи нақшаҳои он пайваста таваҷҷӯҳи беандоза зоир менамоянд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” аз моҳи январи соли ҷорӣ корҳои пармакунии чоҳи амудӣ барои обёрии заминҳои Муассисаи давлатии “Навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” дар ноҳияи Б.Ғафуров-и вилояти Суғд оғоз ёфта бо мувафаққият амалӣ гардида истодааст.

Санаи 14.01.2025 дар муассисаи мазкур аз тарафи мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо иштироки кормандони муассиса ва коргароне, ки ба корҳои пармакунии чоҳи амудӣ ҷалб мегарданд ҷаласаи ҷамъиятӣ оид ба ҳангоми банақшагирӣ ва иҷроиши корҳои пармакунии чоҳи амудӣ, барои обёрӣ намудани заминҳои муассиса баргузор карда шуд.

Дар рафти ҷаласа мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”дар вилояти Суғд ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои тарафҳои манфиатдор, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, тибқи талоботҳои стандартҳои иҷтимоиву экологӣ Бонки ҷаҳонӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботҳои меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳо пешниҳод намуда, ҳамчунин маълумотҳои муфассал роҷеъ ба механизми баррасии арзу дархостҳо пешкаши онҳо гардонида шуд.

Loading

X