Хабарҳо 14.01.2025 Тақсимоти техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ ба хоҷагиҳои ниёзманди кишварБо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” соли ҷорӣ якқатор тракторҳои хурдҳаҷм бо ядакҳо ва мотоблок бо таҷҳизотҳояш харидорӣ намуда, дастраси хоҷагиҳои ниёзманди кишвар мегардонад.Муассиса ин иқдомро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста роҳандозӣ намуда, барои осон кардани кори кишоварзон ва рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамеша тадбирандешӣ менамояд.Дар марҳалаҳои қаблӣ тақсимоти техникаҳои калонҳаҷму тавоноии зиёддошта (тракторҳои гуногун) бо ядак ва таҷҳизотҳояшон, автомошинаҳо ва дигар мошинолотҳои калонҳаҷми соҳаи кишоварзӣ барои корҳои саҳроӣ ба муассисаҳои илмию таълимӣ, ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияҳои илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва хоҷагиҳои ниёзманду тухмипарварии кишвар амалӣ гардид.Дар марҳилаи навбати тақсимоти техникаҳо ба хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ пешбинӣ гардида, 150 адад тракторҳои хурдҳаҷм, 150 адад ядаки хурд, 250 адад мотоблок бо ядакҳо, кулӯхмайдакунак (фрейзер), картошкашинонаку картошкаканак, дар миқёси ҷумҳурӣ дасраси хоҷагҳои ниёзманд гардида истодааст.Айни ҳол тақсимоти дар миқёси ҷумҳурӣ бо маром идома дошта, мутахассисон кӯшиш менамоянд, ки дар рӯзҳои наздик тақсимоти онҳоро ба анҷом расонанд то ки баҳрагирандагони лоиҳа тавонанд корҳои саҳроиро бо техникаҳои нав оғоз намоянд.Имрӯзҳо кишоварзон (Баҳрагирандагони лоиҳа) аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатманд гардида, тасмим гирифтаанд, ки барои афзун гардонидани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ камари ҳиммат баста, барои таъмини амният озуқавории кишовар низ саҳмгузор мебошанд.