Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Натиҷаи фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «Авесто» дар доираи лоиҳа

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи зеркомпонети 3,4-и (беҳтар намудани ғизо) лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои солимгардонӣ ва ҳифзу нигаҳдории аҳолӣ махсусан модару кӯдак, соли сипаригардида маводҳои тиббӣ аз қабили витаминҳо ва микронутриентҳоро аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид намудааст.

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз якқатор чорабиниҳо баргузор намуда, айни ҳол тақсимоти маводҳои тиббӣ (витаминҳо ва микронутриентҳо) дар миқёси ҷумҳурӣ бо маром идома дошта, корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Авесто» баргузор гардида, истодааст.

Вобаста ба ин масъала санаи 09 январи соли ҷорӣ дар муассиса ҷаласаи корӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии «Авесто» дар соли 2024 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа кормандони Ташкилоти ҷамъиятии «Авесто» ва мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” иштирок намуданд. Роҷеъ ба масъалаи аввали рӯзнома роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Авесто» Абдуллоева Фируза Ғаниевна оид ба воридот ва тақсимоти маводҳои тиббӣ дар миқёси ҷумҳурӣ, таҳия ва нашри маводҳои иттилоотӣ, корҳои таблиғотӣ тавассути ВАО, баргузор намудани мизҳои мудаввар ва семинарҳои машваратӣ миёни аҳолӣ тавассути рӯнамо маърузаи пурмӯҳтаво намуд.

Сипас аз якқатор иштирокчиён оид ба масъалаи мазкур баромадҳо намуданд.

Loading

X