Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Корҳои таъмирию бозсозӣ дар хоҷагии таҷрибавии сумбулаи институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ

Хоҷагии таҷрибавии Сумбулаи Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ аз соли 1978 то инҷониб фаъолияти пурсамар дошта, дар рушди корҳои илмию тадқиқотии олимони соҳаи кишоварзӣ саҳмгузор мебошад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷагии таҷрибавӣ ки ба таъмири асосӣ ниёз дошт аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифодабарӣ қарор гирифт.

Муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” намои пурраи беруна ва дохилаи биноро дар масоҳати 638,79 метри мурабаъ бо сифати баланди муоссир таъмиру азнавсозӣ намуд, ки барои кормандони марказ шароити хуби корӣ муҳаё гардид.

Ҳамчунин болопӯши бинои хоҷагии таҷрибавӣ, ки солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда гардида буданд дар масоҳати 328,79 метри мурабба бо сифати хуб пурра азнавсозӣ гардида, даромадгоҳ, толори маҷлисгоҳ, 6 ҳуҷраи корӣ, ҳамом, ошхона ва роҳравҳо, ки ба таъмири асосӣ ниёз дошт дар масоҳати 1443,66 метри мураббаъ бо тарҳи муосиру замонавӣ бо иваз намудани дару теразаҳо, фарш, шифт, сақф ва қандил таъмир карда шуд.

Корҳои сохтмонӣ тибқи меъёрҳои талаботи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланду замонавӣ ба анҷом расида, бино мавриди истифода қарор дорад.

Роҳбарияти Хоҷагии таҷрибавии Сумбулаи Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолу қаноатманд гардида, изҳори сипос намуданд.

Loading

X