Хабарҳо 03.01.2025 Ҳолати нашъунамои кишти гандум дар хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманди ҷумҳурӣ Ҳамасола Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор тухмиҳои хушсифати дорои сертификатро аз дохил ва хориҷи кишвар барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, рушди соҳаи таухмипарварӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба хоҷагиҳои тухмипарвар ва деҳқонии ниёзманди ҷумҳурӣ дастрас менамояд. Соли сипаригардида аз ҷониби муассиса дар дораи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” 500 тонна тухмии хушсифати гандуми навъҳои Тимирязевка — 150 ва Алексеичро аз хориҷи кишвар ворид намуда, тибқи нақшаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишти тирамоҳии соли 2024 ва ҳосили соли 2025 дастраси 115 хоҷагиҳои тухмипарварӣ кишвар карда шуд. Тухмиҳои воридгардида гурӯҳи элита буда, дорои сертификат, серҳосил ва ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ мебошанд. Ҳамчунин дар соли сипаригардида барои кишти тирамоҳии соли 2024 1100 тонна тухмии гандуми, навъи Алексеич, Тимирязевка — 150 ва Громро ба 5055 хаҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуд, ки тухмии гандуми мазкур гурӯҳи реподуксияи якум буда, барои такрористеҳсолкунӣ аз хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ дастрас гардидаанд. Кишоварзони мамлакат (баҳрагирандагони лоиҳа) аз мусоид омадани боду ҳавои фасли тирамоҳ самаранок истифода намуда, дар муҳлатҳои муайянгардида кишти гандуми тирамоҳиро сари вақт ба анҷом расониданд Айни ҳол мутахассисони соҳа дар рафти мониторинг мушоҳида намуданд, ки ҳолати нашъунамои он дар саҳро хеле хуб буда, дар ҳолати риояи дурусти агротехникаи парвариш аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд. Баҳрагирандагони лоиҳа боварӣ доранд, ки ҳосилнокии ин зироатро нисбат ба соли гузашта ба маротиб афзуда, дар таъмини бозорҳои дохилӣ саҳмгузор мешаванд.