Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Мониторинги ҳолати нашъунамои кишти пиёз дар хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳамасола якқатор тухмиҳои хушсифати дорои сертификатро аз дохил ва хориҷи кишвар барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии ниёзманди ҷумҳурӣ дастрас менамояд.

Соли ҷорӣ аз ҷониби муассиса дар дораи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тухмии хушсифати пиёзи навъҳои Хазар, Сейҳан ва Албенӣ аз Ҷумҳурии Туркия ворид гардида, тибқи нақшаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси 1209 хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ карда шуд.

Тухмиҳои воридгардида дорои сертификат ва ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, серҳосил мебошанд.

Кишоварзон мамлакат (баҳрагирандагони лоиҳа) аз мусоид омадани боду ҳавои фасли тирамоҳ самаранок истифода намуда, дар муҳлатҳои муайянгардида кишти пиёзро сари вақт ба роҳ монданд.

Мутахассисони соҳа дар рафти мониторинг мушоҳида намуданд, ки ҳолати нашъунамои он дар саҳро хеле хуб буда, дар ҳолати риояи агротехникаи парвариш аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

Айни ҳол нашъунамои зироат дар саҳро хуб буда, барои аз зимистон солим баромадан корхои агротехникоро дар сатхи лозими гузаронида истодаанд.

Баҳрагирандагони лоиҳа боварӣ доранд, ки ҳосилнокии ин зироатро нисбат ба соли гузашта ба маротиб афзуда, дар таъмини бозорҳои дохилӣ саҳмгузор мешаванд.

 

Loading

X