Хабарҳо 27.12.2024 Тақсимоти микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солимгардонӣ ва ҳифзу нигаҳдории аҳолӣ, пайваста кӯшиш ба харҷ дода, нисбат ба масъалаҳои амнияти озуқаворӣ ва ғизои солим таваҷҷўҳи беандоза зоҳир менамояд. Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, қабул гардида, дар ин самт фаъолияти пурсамар амалӣ мегардад. Бо ҳамин мақсад соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати ҳифзи солимии модару кӯдак, то ба имрӯз витаминҳо ва микронутриентҳо аз қабили S1550005 – 60 мг оҳан + кислотаи фолиат/РАС — (10х10) ба миқдори 353 000,00 баста ва S1580201 хокаи витаминӣ-минералӣ (СПРИНКЛ) РАС — 30 ба миқдори 1 300 000,00 баста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид. Пас аз ба ҷумҳурӣ вориоти маводҳои тиббии мазкур аз ҷониби мутахасисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Вазорати тандурустӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташхиси сифати онҳо гузаронида шуд. Микронутриентҳо — сулфати оҳан ва туршии фолат барои 353 000 занони ҳомила ва иловаҳои витаминӣ бошад барои 1 млн 300 кудакони синни 6 моҳа то 59 пешбинӣ шудааст. Баъди ташхиси сифати маводҳои воридшуда, Сертификати сифат ва мутобиқати маводҳои тиббӣ аз тарафи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Дар асоси Сертификати сифат ва мутобиқати маводҳои воридшуда, барои тақсимоти онҳо ба манфиатбарандагон иҷозат дода шуд. Дар айни ҳол мувофиқи Фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20. августи соли 2024 № 560 “Оид ба тақсимоти маводи микронутриенти “Спринклс” ва ғизои табобатӣ барои кудакон микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба муассисаҳои шабакаи КАТС – (Марказҳои солимии репродуктивии шаҳрӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ ва ҳуҷраҳои ҳамбастагии бемориҳои кудаконаи Марказҳои саломатии шаҳрӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ) ба манфиатбарандагон дастрас карда шуда истодааст.