Хабарҳо 25.12.2024 Корҳои таъмирию бозсозӣ дар КВД Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷӯҳи беандоза зоир намуда, барои шароити хубу мувофиқ фароҳам овардан пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо тарҳи муосир таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор мегиранд. Муассиса дар доираи компоненти сеюми лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бинои КВД Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ ки аз ду ошёна ва таҳхона иборад аст, дар масоҳати 2528 метри мураббаъ бо иваз намудани дару тирезаҳо, кандилҳо, сақфу шифт ва болопуши бино пурра ба таъмири асосӣ фаро гирифта шудааст. Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар ошёнаи дуюм дар масоҳати 480 метри мураббаъ 18 утоқҳои корӣ, дар масоҳати 116 метри мураббаъ роҳрав ва дар масоҳати 660 метри мураббаъ болопуши бино пурра ба анҷом расида, корҳо дар қисмати дигари бино идома дорад. Айни замон корҳои таъмиру азнавсозӣ дар таҳхона, ошёнаи якум ва намои берунаи бино, ки 1530,65 метри мураббаро ташкил медиҳад бо иваз намудани дару тирезаҳо, кандилҳо, сақфу шифт бо маром идома дошта, дар рӯзҳои наздик бо тарҳи муосир ба анҷом мерасад. Пудратчиён ва коргароне, ки ба кор ҷалб гардидаанд тибқи талаботҳои меъёрҳои сохтмонӣ ҳамаи нозукиҳои корҳои таъмиру азнавсозиро ба инобат гирифта, бо сифати баланд, барои солҳои тулонӣ хизмат намудан, таъмири онро ба анҷом мерасонанд. Пас аз ба анҷом расиданидани таъмири асосии бино дар доираи лоиҳа инчунин КВД Маркази рақамикунонӣ, инноватсия ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи кишоварзӣ бо таҷҳизотҳои муоссири корӣ таҷҳизонида, кори мутахассисони соҳаро осон ва самарабахш гардонида мешавад.