Ҷаласаи корӣ оид ба тақсимоти витаминҳо ва микронутриентҳо дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”
“Саломатии миллат сарвати бебаҳост, ки бе он тавоноии давлатро тасаввур кардан имкон надорад” Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солимгардонӣ ва ҳифзу нигаҳдории аҳолӣ, пайваста кӯшиш ба харҷ дода, нисбат ба масъалаҳои амнияти ғизо ва ғизои солим таваҷҷӯҳи беандоза зоҳир менамояд.
Қобили зикр аст, ки масъалаҳои ғизо на балки дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон масъалаи мубрам ба ҳисоб меравад. Дар баъзе давлатҳо аҳолӣ аз гуруснагӣ, дар баъзе аз норасогии ғизо ва дар дигар давлатҳо аз фарбеҳӣ азият мекашанд.
Бо ҳамин мақсад соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”, ҷиҳати ҳифзи солимии модару кӯдак, то ба имрӯз витаминҳо ва микронутриентҳо аз қабили S1550005 – 60 мг оҳан + кислотаи фолиат/РАС – (10х10) ба миқдори 353 000,00 баста ва S1580201 хокаи витаминӣ-минералӣ (СПРИНКЛ) РАС – 30 ба миқдори 1 300 000,00 баста ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.
Вобаста ба ин масъала санаи 19 декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба баргузории расмии тақсимоти микронутриентҳо ва витаминҳо баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинон ва шахсони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ, Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттахид дар Точикистон (ЮНИСЕФ), Директор ва кормандони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”, иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ нигаҳдории пайвастаи солимии ҷомеа махсусан беҳтар намудани вазъи солимии модар ва кудак, инчунин тарзи дуруст истифода бурдани микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ аз ҷониби манфиатбарандагон (занони ҳомиладор ва кудакони синни аз 6 моҳагӣ то 59 моҳагӣ) мебошад.
Дар ибтидо муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муҳсинзода Ғафур Муҳсин ҷаласаро оғоз намуда, иброз доштанд, ки масъалаи ҳифзи солимии модару кӯдак яке аз самти асосии афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ҳамчунин Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеҳсоли маводҳои хӯрока миёни аҳолӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.
Қобили зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати пешгирии норасоии микронутриентҳо дар байни кӯдакон ва занон як қатор чорабиниҳоро баргузор намуда, ҷиҳати беҳтар намудани саломатии кӯдакон ва пешгирии бемориҳои сироятӣ таи 10 соли охир саплементатсияи витамини А дар сатҳи ҷумҳурӣ барои кӯдакони синни аз 6 то 59 моҳа ду маротиба дар як сол гузаронида мешавад.
Сипас намояндаи Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ Хазем Ибрахим Ханбал, Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳмадҷон, Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари намояндагии Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттахид дар Точикистон (ЮНИСЕФ) Энтони Асидже, Директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” Далер Саторӣ роҷеъ ба ин масъалаи мазкур баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Пас аз баромадҳо филми мустанад аз ҷониби муассиса пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.