Хабарҳо 18.12.2024 Корҳои таъмирию бозсозӣ дар “Озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растанӣ”-и Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон соли 1951 дар заминаи Стансияи хокшиносию — мелиоративӣ таъсис ёфта, то инҷониб фаъолияти пурсамар дорад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” намои берунаи бино, толори маҷлисгоҳ ва болопуши онро, ки ба таъмири асосӣ ниёз дошт пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, соли ҷорӣ мавриди истифадабарӣ қарор гирифт. Муассиса дар доираи компоненти сеюми лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои боз ҳам беҳтар кардани шароити кории кормандон 10 утоқҳои кории “Озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растанӣ” дар масоҳати 300,59 метри мураббаъ, 4 ташноб (ҳоҷатхона) дар масоҳати 17,5 метри мураббаъ ва роҳрав дар масоҳати 68,3 метри мураббаъ пурра таъмири асосӣ намуда, барои муҷаҳазгардонии таъҷҳизотҳои муоссир омода месозад. Айни замон корҳои таъмирӣ дар утоқҳои кории “Озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растанӣ” оғоз гардида, пудратчиён ва коргароне, ки ба кор ҷалб гардидаанд ҳамаи нозукиҳои корҳои таъмиру сохтмониро ба инобат гирифта, бо сифати баланд, тибқи талаботҳои сохтмон ва меъёрҳои экологию иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ дар муҳлати муаянгардида ба анҷом расонида мешавад. Пас аз ба анҷом расиданидани таъмири озмоишгоҳо ва дигар иншооти институти мазкур муассиса тасмим гирифтааст, ки дар доираи лоиҳа барои рушди соҳаи хокшиносӣ ва агрохимия “Озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растанӣ”-и муассисаи илмиро бо таҷҳизотҳои муоссири озмоишгоҳӣ таҷҳизонида, кори мутахассисони соҳаро осон ва самарабахш гардонад.