Хабарҳо 12.12.2024 “Стансияи давлатии навъсанҷӣ” -и МД “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ” дар ш.Конибодом таъмир гардид Боиси ифтихор аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаҳои гуногуни кишвар махсусан соҳаи кишварзӣ давра ба давра рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд. Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро таъмиру азнавсозӣ мегарданд. Ин иқдоми нек бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардида, дар рушди соҳаи кишоварзӣ қадамҳои устувор мегузорад. Бинои навбатӣ зертобеи Вазорати кишоварзӣ “Стансияи давлатии навъсанҷӣ” -и МД “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ” дар ш.Конибодом мебошад, ки аз замони шуравӣ фаъолият дошта, бо мурури замон ба таъмир копиталӣ ниёз дошт. Соли ҷорӣ мутахассисони муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳа намои пурраи беруна ва дохилаи амборро, ки барои нигаҳдории тухмиҳои гуногуни зироатҳои кишоварзӣ ва дигар маводҳои илмӣ пешбинӣ гардидааст дар масоҳати 217 метри мурабаъ бо сифати баланд таъмиру азнавсозӣ ва рангубор гардида, мавриди истифадабарӣ қарор доданд. Ҳамчунин болопӯши амбор, ки кӯҳнаву фарсуда гардида буд дар масоҳати 174 метри мурабба бо сифати хуб пурра азнавсозӣ карда шуд. Дар баробари таъмири копиталии амбор гирду атрофи стансия, ки солиёни зиёд кушода буд дар масоҳати 58 метр дарозӣ бо таҳкурсии битон ва баландии 3 метр девор бардошта, рангубор ва болопуш карда, дар даромадгоҳи он дарвоза насб карда шуд. Инчунин як ташноб (ҳоҷатхона) сохта ба истифода дода шуд. Роҳбарият ва кормандони стансия аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд гардида, барои шароити хуби корӣ муҳаё намудан изҳори сипос намуданд.