Хабарҳо 10.12.2024 Рафти шиносоӣ ва мониторинги ҳолати нигоҳдорӣ ва ҷойгиршавии партовҳои химивии хатарнок Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи компоненти 3-и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар замони соҳибистиқлолӣ аввалин маротиба тарзи безараргардонии маводҳои химиявию заҳрхимикатҳои кӯҳнашуда ва зарфҳое, ки дар он маҳлулҳои химиявӣ истифада карда шудаанд, дар муассисаҳои илмию таълимии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба роҳ монд. Ин иқдом дар асоси шартномаи байни Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пешсаф” амалӣ гардида истодааст. Тибқи қарордоди бо ташкилоти ҷамъиятии мазкур ба имзо расида, маводҳои химиявӣ ва реагентҳое, ки ба гурӯҳи партовҳои хатарноки А дохил мешаванду муҳлати истифодабариашон гузаштааст, зарфҳои холие, ки дар он маҳлулҳои химиявӣ истифода шудаанд аз амборҳои МД “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ”, Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва МД “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах тибқи нақша ҷамъоварӣ гардида, ба майдони махсуси нигоҳдории “Вахш” интиқол дода шуданд. Дар ин замина, сафари хизматии мутахассисон ҷиҳати рафти шиносоӣ ва мониторинги ҳолати нигоҳдорӣ ва ҷойгиршавии партовҳои хатарноки дар доираи лоиҳа аз иншоотҳои болозикр ба майдони махсуси “Вахш” интиқолгардида, гузаронида шуд. Дар рафти мониторинг муайян гардид, ки партовҳо дар ду контейнер бо андозаи 3 ба 12 ҷойгир карда шуда, тибқи риояи талаботҳои стандартҳои экологӣ ва иҷтимоӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Ҷо ба ҷо гузории партовҳо дар ҷойҳои махсус” муваққатан дар он мавзеъ нигаҳдорӣ гардида, сипас нобудсозии онҳо ба роҳ монда мешаванд.