Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Корҳои таъмирию бозсозӣ дар Пойгоҳи Суғдиёни Институти зироаткории АИКТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои рушди пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар таваҷҷӯҳи беандоза зоир менамояд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” соли ҷорӣ якқатор биноҳои илмию таълимии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру азнавсозӣ гардида мавриди истифода қорор мегирад.

Муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳа намои пурраи берунаи бинои Пойгоҳи Суғдиён Институти зироаткории АИКТ дар ноҳияи Шаҳристонро бо тарҳи муосир дар масоҳати 132 метри мураббаъ рангубори хушсифат ва даромадгоҳи онро дар масоҳати 8 метри мураббаъ таъмиру азнавсозӣ намуд.

Ҳамчунин болопӯши бинои пойгоҳ, ки солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда гардида буданд дар масоҳати 140 метри мурабба бо сифати хуб пурра азнавсозӣ гардида, даромадгоҳ, утоқҳои кории кормандон, ки ба таъмири асосӣ (капиталӣ) ниёз дошт дар масоҳати 269 метри мураббаъ бо тарҳи муосир бо иваз намудани дару теразаҳо, фарш, шифт (сақф) ва қандил таъмир карда шуд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ барои дар мудатҳои тулонӣ хизмат намудани бинои мазкур нозукиҳои корҳои таъмирӣ ба инобат гирифта шудааст.

Айни ҳол корҳои рангуборкунӣ дар қисмати поёни бино идома дошта, дар якҷоягӣ бо даромадгоҳ пурра сафолпуш (кафел) карда мешавад.

Loading

X