Хабарҳо 03.12.2024 Корҳои таъмиру бозсозӣ дар Стансияи таҷрибавии Институти зироаткории АИКТ дар шаҳри Панҷакент Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро давра ба давра таъмиру азнавсозӣ менамояд. Муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дохили утоқҳои кории кормандон ва амбори Стансияи таҷрибавии Институти зироаткории АИКТ дар шаҳри Панҷакентро дар масоҳати 589 метри мураббаъ ва намои берунаи онҳоро дар масоҳати 467 метри мураббаъ пурра рангубори хушсифат ва таъмиру азнавсозӣ намуд. Ҳамчунин болопӯши бинои стансия ва амборҳои он, ки солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда гардида буданд дар масоҳати 690 метри мурабба, даромадгоҳ ва шипанги онро дар масоҳати 50 метри мураббаъ бо сифати хуб пурра азнавсозӣ карда шудааст. Дар умум толори маҷлисгоҳ, утоқҳои кории кормандон ва амбори стансия, ки ба таъмири асосӣ (капиталӣ) ниёз дошт онро дар масоҳати 1796 метри мураббаъ бо тарҳи муосиру замонавӣ бо иваз намудани дару теразаҳо, фарш, шифт (сақф) ва қандилҳо таъмири намуда, ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ тибқи меъёрҳои талаботи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланду замонавӣ ба анҷом расида, бино мавриди истифода қарор дорад. Қобили зикр аст, ки роҳбарияти Стансияи таҷрибавии Институти зироаткории АИКТ дар шаҳри Панҷакент аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолу қаноатманд гардида, барои муҳаё намудани шароити хуби корӣ ба кормандон изҳори сипос намуданд.